08:04 28 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
904 0 0

Дар Самара бар асари бархӯрдани автомашинаи сабукрав бо мошини боркаш як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар сахт маҷрӯҳ гардиданд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Шоми дирӯз, 6 - уми декабр дар 976 км шоҳрози  М 5 "Урал" садамаи маргбор рух дод, хабар медиҳад котиботи идораи умури дохилии Русия дар вилояти Самара.

Бар хабари манбаъ, мошини сабукрав бо 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо суръати баланд ҳаракат намуда, ба мошини боркаш бархӯрдаст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи садама худрав аз роҳ берун шуда, мошини боркаш чаппа гардидаст.

Манбаъ меафзояд, ронандаи мошини сабукрав, шаҳрванди Тоҷикистон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. 

Ҳамзамон се шаҳрванди дигари тоҷик, ки мусофирони мошини сабукрав буданд, сахт маҷрӯҳ гардида, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Шарҳи ВУД Қазоқистон дар бораи марги 11 кас ва захми 29 тан дар садама-видео

Қаблан дар Қазоқистон автобуси мусофирбар бо 72 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон бо мошини сабукрав  бархӯрд. Хушбахтона дар ин садамаи нақлиётӣ ягон нафар осеби вазнин набардоштанд.

Инчунин, чанде қабл  дар вилояти Оренбург микроавтобуси ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон бо мошини боркаш бархӯрдааст, ки дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расидааст.

Садамаи мудҳиш рӯзи 24 - уми ноябр, тақрибан соати 6:10 бо вақти маҳаллӣ ва 4:10 бо вақти Маскав дар маҳаллаи Чистий рух дода буд.

Барчаспҳо:
шаҳрвандони Тоҷикистон, вилояти Самара, садама

Мавзӯъҳои асосӣ