08:37 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1023 0 0

Дар як сӯхтори бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе иҷоранишин Гогинава Нателла Хуррамовна, шаҳрванди вилояти Чимкенти Қазоқистон ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати укорҳои дохилаи Тоҷикистон сӯхтор дар бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ 55/1-и ноҳияи И.Сомонӣ шаҳри Душанбе соати 15-43 дақиқаи санаи 15-уми декабри соли равон сурат гирифтааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон бо қабули хабар фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.

“Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ шахтаи барқии бинои истиқоматиро дар долонҳои подъезди он аз ошёнаи 8-ум то 11-ум оташ фаро гирифта, дуди ғализи бошиддат паҳншавандаи он сокинони биноро ба таҳлуқа оварда буд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Сӯхтор дар Роштқалъа: супориши Ёдгор Файзов ба раис барои ҳисоби хисорот - акс

ВКД гуфт,  дар натиҷаи гузаронидани амалиёти саривақтӣ сӯхтор ба ҳуҷраҳои истиқоматӣ паҳн нагардида, дар масоҳати аввалааш ба зуддӣ хомӯш карда шуд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор як нафар ба ҳалокат расидааст.

“Мутаасифона то ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон аз таъсири дуди ғализ иҷоранишини бинои мазкур Гогинава Нателла Хуррамовна соли таваллудаш 1980, миллаташ гурҷӣ, шаҳрванди вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳалокат расидааст”, - қайд намудааст ВКД.

Ҳамчунин ВКД хабар додааст, ки дар рафти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса коршиносони соҳа муайян намуданд, ки сабаби сӯхтор сарбории зиёд дар кабелу ноқилҳои барқӣ, бинобар сабаби аз меъёр зиёд истифодабарии нерӯи барқ аз тарафи сокинон, мебошад.

Барчаспҳо:
ҳалокат, шаҳрванд, Қазоқистон, Душанбе, сӯхтор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ