22:06 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
248 0 0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз садамаҳои нақлиётии марговар дар манотиқи мухталифи кишвар хабар дод, ки дар он панҷ нафар ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар 14-15 декабри соли равон дар садамаҳои нақлиётӣ дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 14-уми декабри соли равон, ронандаи автомашинаи “Дэу-Нексия”, Хайруллоев Шарифҷон, сокини шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии-поёни шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои ядаки воситаи “Трактор”, таҳти идораи ронанда, Холов Давлатёр Саидмуродович, сокини деҳаи Ноҷии-поён, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Нексия”, Хайруллоев Шарифҷон ва мусофири дар дохили автомашина буда, Ҳабибуллоева Гулрухсор, сокини шаҳри Турсунзода ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, рӯзи 14-уми декабри соли равон як садамаи маргбор дар ҳудуди деҳаи Майсазори ҷамотаи деҳаи Гулистон рух додааст.

Ронандаи автомшинаи “Опел-Астра”, Завуров Бахтиёр, сокини деҳаи Дарёбоди ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Майсазори ҷамотаи деҳаи Гулистон, пиёдагард Соҳибов Шариф Қурбонович, соли таваллудаш 1958, сокини деҳаи Меҳани ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.

Дар натиҷа, номбурда  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, дигар мусофирони дар дохили автомашина буда, Каримов, соли таваллудаш 1993 ва Каримов Ином, соли таваллудаш 1997, сокинони шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамзамон рӯзи 15-уми декабри соли равон, ронандаи автомшинаи тамғаи “Опел-Вектра” Рафиев Субҳоналӣ, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Чаннок дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Ҷаҳонгир”, пиёдагард Давлатов Бобомурод, соли таваллудаш 1939, нафақахӯрро пахш намудааст.

Дар натиҷа, нафақахӯри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин рӯзи 15-уми декабр боз як садамаи маргбор сар задааст.

Ронандаи автомшинаи “Мерседес-Бенс”, Умаров Баҳриддин, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Янгиёри ноҳияи Вахш, хурдсол Абдурауфов Қурбоналӣ, соли таваллудаш 2012, сокини деҳаи Янгиёр, хонандаи синфи 1-уми МТМУ-ро пахш намудааст.

Мутаасифона дар натиҷа, Абдурауфов Қурбоалӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Барчаспҳо:
ҳалокат, кишвар, манотиқ, марговар, нақлиёт, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ