07:53 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (87)
2101 0 0

Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шикастани шишаҳои мағоза ва мошини сокинони деҳаи назди марзӣ дар баробари сокинон марзбононӣ қирғиз низ даст доранд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Имрӯз 16 декабри соли равон дар марзи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷистон бо деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон байни сокинони ду деҳаи наздимарзӣ муноқишаи нав рух дод.

Бино бар иттилои Салоҳиддин Иброҳимов, раиси деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон чанде пеш як гурӯҳ сокинони маҳалаи  Кӯктош ноҳияи Бодканди Қирғизистон шишаҳои мағозаи як сокини деҳаи Сомониёнро сангпартоӣ карда барқасдона шикаста буданд.

"Сокинон мехостанд барои таъмини амнияти ҳамин мағоза гирду атрофи мағозаро деволпӯш кунанд, аммо маррзбонони қирғиз ба ин кор мамоният нишон медиҳанд", - гуфт Салоҳиддин Иброҳимов

Вай гуфт, марзбонони қирғиз имрӯз омада миёни мардуми ду кишвар иғову дасиса андохтант.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи бархе аз сокинони еҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара имрӯз як гурӯҳи дигар шишаҳои мошини Сафаров Умромиддинро шикаста ба вай ҳам зарари модиву молиявӣ расониданд.

"Ин ду ҳодиса таҳти назорати марзбонони қирғиз сурат гирифт, ҳангоми шикастани шишаҳои мошин фармондеҳи дидбонгоҳи марзии Қирғизистон бо номи Султанбай шахсан иштирок намуда буд”, - гуфтанд сокинони маҳалӣ.

Ба гуфтаи сокинони Сомониён, сокинони Кӯктош роҳеро, ки аз байни ин ду деҳа мегузарад, худсарона баста, сокинони ҷониби Тоҷикистонро сангборон кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир ба ҷои ҳодиса фавран намояндагони мақомоти ду ноҳияи марзӣ ва ниҳодҳои марзбонии ҳарду кишвар омадаанд ва музокирот давом дорад. Дар ҳоли ҳозир, мақомотҳои амниятии Тоҷикистон бо ҳамкорни қирғиз корбарӣ доранд.

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз дар бораи ин муноқишаи навбатӣ изҳори назар накардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан 16 - уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша навбатӣ рух дода буд. Дар паи тирпарронӣ се смарзбони тоҷик ҷон бохт.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карда буданд.

Мақомти Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (87)
Барчаспҳо:
марзбонон, мошин, марз, Исфара, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ