00:36 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1136 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷанҷоли маргбори ҳамсояҳо дар пойтахти кишвар хабар додааст, ки бо марги зани 48-сола анҷомидаст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Зафар Қурбонов, зодаи соли 1974, сокини кӯчаи Шерализодаи шаҳри Душанбе зимни ҷанҷол се ҳамсояаш – ду зан ва як мардро латукӯб намудааст, ки дар натиҷа яке аз занҳои ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидаст.  

ВУД таъкид намудаст, ки Қурбонов 28 ноябр ҳамсояҳояш - Елена Серёгина, зодаи соли 1971 ва  Гулнора Шукуроваю Музаффар Нодировро бераҳмона кӯфтаст.

Дар натиҷа Серёгина дар беморхона ба  ҳалокат расида, ду ҷабрдидаи дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Мақомоти умури дохилӣ зикр намуданд, муттаҳам, ки қаблан низ суд шудааст, феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.

 

Барчаспҳо:
ҳабс, боздошт, парванда, ҷанҷол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ