18:09 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1195 0 0

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имрӯз ба ҳокими шаҳри Тошканд, Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев барқияи тасаллият ирсол намудаст

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар паёмаш ба Ҷаҳонгир Обидович изҳор доштаст, ки аз ҳалокати одамон дар сохтмони метрои Тошканд хеле андуҳгин шуд.

"Хабари лағзиши замин дар майдони сохтмонии хатти метрои Юнусободи шаҳри Тошканд, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард. Итминони комил дорем, ки тадбирҳои аз ҷониби Ҳокимияти бародаршаҳри Тошканд андешидашаванда, ба ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои ин садама мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар барқияи Рустами Эмомалӣ.

Раиси шаҳри Душанбе афзудааст, ки дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез, ҳамдардиву тасаллияти амиқро ба пайвандону наздикони қурбониён иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.

Нахустин сафари хориҷии Рустами Эмомалӣ: шаҳрдор дар Узбакистон чиро тамошо кард - акс

Рӯзи 18 - уми декабр, тақрибан  соати 10:00 дар Узбакистон як қисми хати сохтмони метро дар хатсайри Юнусобод фурӯ рехт. Ба маълумоти котиботи "Узбекистон темир йуллари" сабаби фурӯ рехтани хати нотамоми метро боришоти борон арзёбӣ мешавад.

Мақомоти Узбакистон то ҳол аз зери харобаҳо ҷасади 6 нафар берун овардаанд.

Барчаспҳо:
фоҷиа, ҳамдардӣ, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ