04:22 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Зимни ҳамла мард дар даст карабини "Сайка" ва корд доштааст. Маълум шудааст, ки ӯ бо силоҳи оташфишон сару кор доштааст

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ҳамлагари ФСБ дар кӯчаи Лубянка - маркази шаҳри Маскав, сокини 39-солаи вилояти Маскав, Евгений Манюров будааст, хабар медиҳад РЕН ТВ.

Ба Путин аз тирпарронӣ дар маркази Маскав гузориш доданд

Қайд мешавад, ки ин мард корфармо будааст. Корхонаи Манюров ба соҳибкорон машварат медодааст. Дар баробари ин соҳибкории ҳамлагар бо сабабҳои номаълум соли 2015 қатъ  шудааст.

Ҳамчунин маълум шудааст, ки ин мард бо аслиҳабозӣ маъруф будааст ва ҳатто дар озмунҳои гуногун ширкат кардааст.

Соли гузашта ӯ дар озмуни тирпарронии ДОСААФ дар Маскав мақоми сеюмро гирифта буд.

Тиркушоии марде дар назди бинои ФСБ дар Маскав-видео

Мувофиқи маълумоти пешакӣ ҳадафи ҳамла иғвоандозӣ миёни мардум дар замони суҳбати мустақими президенти Русия Владимир Путин будааст.

Барчаспҳо:
Маскав, ошкор

Мавзӯъҳои асосӣ