22:09 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
411 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ноболиғ хабар медиҳад, ки дар латукӯб ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамсоли худ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Кормандони милитсияи як ноболиғи 17 - соларо боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар догиста мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Борбади пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

"Номбурда, рӯзи 27-уми декабри соли 2019, тахминан соати 15:00, нобилиғи 17-солаи сокини ноҳияи Синоро лату кӯб намуда, бо олоти халандаю бурранда як маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар хабар.

Хусумати миллӣ: боздошти 6 донишҷӯи Петербург, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карданд

Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи "Шифобахши"-и шаҳри Душанбе бистарӣ гардидааст.

Феълан рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
латукӯб, ноболиғ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ