08:05 18 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
241 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи тағйири ҳаво ва бориши барфи шадид ҳаракат дар роҳҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ахиран як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Душанбе дар қаламрави ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ чаппа шуд.

Тибқи иттилои манбаъ,  6 январ як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба самти Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии ронанда сарозер шуда, мусофири 33-солаи он ба ҳалокат расид. 

Дар мошини ба садама дучоршуда ғайр аз ронанда боз сокини 33-солаи ноҳияи Ёвон менишаст. Ронандаи мошини калони боркаши тамғаи “Шакман”, сокини 37-солаи маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе ҳаракат мекард, дар гардиш аз уҳдаи идораи мошин набаромад. Вай, ки бо суръати номувофиқ ба вазъи роҳ ҳаракат мекард, бо як такон дар  канори роҳ якбора сарозер шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, баъд аз дарёфти хабари садамаи шадид наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии дастгоҳи махсус дарро боз карда, ронандаву ҳамроҳи ӯро берун овардаанд.

“Мутаассифона, мусофири мошин бар асари захмҳои сахт дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳалок шуд”, - таъкид намудааст КҲФ Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, КҲФ бори дигар ба ронандагон муроҷиат намудааст, ки бо назардошти мушкилоти роҳҳо дар фасли зимистон эҳтиёт кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд.

Барчаспҳо:
ҳалокат, мусофир, боркаш, мушкил, роҳҳо, бориши барф, ҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ