Украина барои қурбониёни суқути Boeing дар Теҳрон мотам эълон кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкУкраина объявила траур по жертвам крушения Boeing в Тегеране
Украина объявила траур по жертвам крушения Boeing в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Украина имрӯз дар робита ба суқути ҳавопаймои Boeing 737-800 дар Теҳрон рӯзи мотам эълом гардидааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский имрӯз дар робита ба суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон рӯзи мотам эълон намудаст, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Facebook.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Андӯҳи Раҳмон аз суқути ҳавопаймо дар Теҳрон: барқия таслият ба Зеленский ва Руҳонӣ

"Владимир Зеленский 9 январро дар Украина бинобар суқути ҳавопаймои Boeing 737-800 рӯзи мотам эълон кард", - омадааст дар хабар.

Дар ин рӯз парчамҳои давлатӣ дар ҳама ҷо паст карда шуда, баргузор намудани ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ манъ карда шудаст.

Ёдрас мешавем, субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-737 Киев-Теҳрон бештар аз 180 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо ба ширкати украинӣ тааллуқ дошт ва бештари мусофирон шаҳрвандони Эрон буданд.

Путин ба Зеленский изҳори ҳамдардӣ кард

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба сарони Украина ва Эрон барқияи таслият ирсол карда буд.

Лентаи хабарҳо
0