12:05 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
640 0 0

Алӣ Обидзода, роҳбари Созмони ҳавопаймоии мулкии Эрон, иддаоро, ки ҳавопаймои Boeing 737-800-и ширкати украинӣ аз зарби мушакҳо суқут кард, рад намуд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Обидзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо тамоми қотеъият эълом медорад, ҳавопаймои мазкур ҳадафи мушакҳо қарор нагирифтааст.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, мушаке бо ҳавопаймо бархӯрд нашудааст ва феълан таҳқиқи иллати оташсӯзии он идома дорад.

Обидзода ишора кард, ки иддао дар мавриди мушак аз ҷониби сиёсатмадорони ғарбӣ садо дод ва он тахассусӣ нест. Ӯ афзуд, агар тахассусӣ бошад, ҷонибҳо уҳдадоранд онро ироа кунанд.

Ду фарзияи коршинос дар бораи сабаби суқути ҳавопаймо дар Эрон

Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон иттилоъ дод, ки наворҳои паҳншударо дидаст ва аз қавли шоҳидон афзуд, ки баъди оташсӯзӣ ҳавопаймо тақрибан 60-70 сония дар ҳаво парвоз доштаст.

“Аз нигоҳи илмӣ агар бархӯрд мекард, наметавонист 60-70 сония дар ҳаво парвоз кунад ва боқимондаҳо хеле парокандатар мебуданд”, - тавзеҳ дод Обидзода.

Ҷониби Эрон изҳор дошт, ки омода аст кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Фаронсаю ИМА-ро дар ҷараёни таҳқиқ гузорад.

Дар мавриди ҷуброн Обидзода гуфт, ки тибқи маъмул, ширкати баҳрабардори ҳавопаймо масъули пардохти хисорот ба мусофирону дигар осебдидаҳо мебошад, чун маъмулан бима мешаванд. Ҷониби Эрон хостори оромии фазо шуд, то маълумоти муътамад муайян ва ироаи омма шавад.

Субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-и ширкати украинӣ, ки дар масири Теҳрон – Киев парвоз дошт, 176 сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Қурбониёни ин фоҷиа шаҳрвандони Эрон, Украина, Канада, Олмон, Шветсия ва Афғонистон будаанд.

Матбуот ва мақомдорони баландпояи Аврупо ва Амрико изҳор доштанд, ки бар пояи иттилояшон ҳавопаймои мазкур аз зарби мушак суқут кардааст.

Барчаспҳо:
суқут, садама, Украина, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ