12:03 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2172 0 0

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе шахсияти ронандаеро, ки дар баробари нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, нисбати пиёдагардон дағалгӯӣ кардааст, муайян намуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, корбарон хабар доданд, дар гузаргоҳи пиёдагардони маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе, ронандаи “ДЭУ-Сиелло” рақамаш 9497 ЕМ 01, чароғаки рангаш сурхро убур намуда, қариб пиёдагардонро зер кардааст. Ба норозигии пиёдагардон, ронанда посух додааст, ки “қатии любойтатон любой хел гап мезанам” ва дағалгӯияшро идома додаст.

Котиботи раёсати умури дохилии Душанбе изҳор доштааст, ки дар пайи баррасии муроҷиати мазкур муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи ДЭУ-Сиелло рақами қайди давлатиаш 9497 ЕМ 01, шаҳрванд Тошов Зафар Қудбиддинович, зодаи соли 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат кӯчаи Рӯдакӣ мебошад.

Ҷазои ронанда Зафар Тошов, барои қоидавайронкунӣ ва дағалгуфторӣ
Ҷазои ронанда Зафар Тошов, барои қоидавайронкунӣ ва дағалгуфторӣ

"Дар натиҷаи санҷиш ошкор шуд, ки номбурда, бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ба таври ғайриқонунӣ дар хатсайри худсохтаи №8 ба мусофиркашонӣ машғул будааст. Нисбати ронандаи дастрасгардида шаҳрванд Тошов Зафар бо моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд", - омадааст дар иттилоия.

Раёсати умури дохилӣ таъкид намудаст, ки Тошов ба кирдори содирнамудаи худ пурра иқрор шуда, барои дар оянда ба чунин амалҳои ғайриахлоқӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Барчаспҳо:
мошин, нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ