14:53 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
4273 0 0

Нисфирӯзи 11 январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Деваштич бархӯрди маргбори 2 “Опел-зафира” рух дод

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар пайи бархӯрд як зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигар маҷруҳ шуданд, хабар доданд шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон.

Бархӯрди магбори Опелҳо дар ноҳияи Деваштич
Sputnik
Бархӯрди магбори Опелҳо дар ноҳияи Деваштич

“Яке аз “Опел”-ҳо аз самти Хуҷанд ба ноҳияи Деваштич ва дигаре аз сӯи шаҳри Истаравшан ба Хуҷанд ҳаракат доштаст”, - изҳор доштанд шоҳидон.  

Бархӯрди магбори Опелҳо дар ноҳияи Деваштич
Sputnik
Бархӯрди магбори Опелҳо дар ноҳияи Деваштич

Манбаъ афзуд, бархӯрд ба ҳадде шадид будааст, ки бархе аз маҷруҳонро натавонистаанд, бе кумаки наҷотдиҳандагон аз мошинҳои шикаста берун оранд.

Феълан масъулини БДА ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардаанд. Расман мақомот то ҳол ин садамаро шарҳ надодаанд.

Барчаспҳо:
маҷруҳ, ҳалокат, садама, Деваштич, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ