Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият мураккаб аст: изҳороти КДАМ дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / © Sputnik / Григорий СысоевПограничник. Архивное фото
Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
КДАМ Тоҷикистон вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мураккаб арзёбӣ мекунад. Ахиран дар паи муноқишаи марзӣ як шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ шуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputniк. Маркази матбуотии СҚС КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки ду рӯзи охир бинобар аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи қирғиз содир намудани ҳаракатҳои пайдарҳами ғайриқонунӣ вазъият дар сарҳади ҶҚ мураккаб арзёбӣ мешавад. 

Чунончи, рӯзи 10-уми январи соли 2020, соати 17:15 дақиқа, сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойиноҳияи Бодканди ҶҚ — Нарзиев Сайдалӣ аз боми манзили истиқоматии худ санг партофта, тирезаи нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёнро шикастааст.

Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон
“Ваҷаб ба ваҷаб”: сиёсати пинҳони Қирғизистон дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон?

Ба нақли КДАМ Тоҷикистон, соатҳои 00:30 то 00:50 дақиқаи шаби 11-уми январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи н.Боткени ҶҚ, бо мақсади тарсонидани сокинони маҳаллаи Сомониёни ш.Исфара, аз силоҳи шикорӣ қариб 15 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд.

Ҳамзамон, соати 01:50 дақиқа гурӯҳи сокинони маҳаллаи Коктоши ҶҚ манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониён Насриддинов Давлатбой Ҳасанбоевичро сангборон намуда, аз яроқи шикорӣ ба дарвозаи ӯ тир холӣ карданд.

Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, амалҳои иғвогаронаи сокинони маҳаллаи Коктош сари вақт қатъ карда шуд. Ҷониби қирғиз ба ин нигоҳ накарда  аз соати 02:20 дақиқа аз силоҳи шикорӣ 7 маротиба ва аз соати 05:00 то соати 06:30 дақиқаи 11-уми январи соли 2010 аз силоҳи оташфишони автомати Калашников қариб 9 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд.

11.01.2020 сол соати 14:00 дақиқа сокини деҳаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара Аҷобиддинзода Фарҳодҷон соли таваллудаш 1992, бо автомашинаи тамғаи “Портер” рақами қайди давлатиаш 2583 ДО 02 аз байни деҳаи Коктоши ҷамоти деҳоти Оқсой ЧК ба самти деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркўҳи ЧТ харакат мекунад, ки дар он ҷо низомиён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷамъ шуда буданд.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон ва Жээнбеков ба вазоратҳо барои ҳалли муноқишаи марзӣ

Сокинони деҳаи Коктош Исмаилов Ҳадятулло Султонович, соли таваллудаш 1997, Бердиев Зандӣ Хуморович, соли таваллудаш 1966 ва Иломов Ҳасан Ҳанибекович, соли таваллудаш 1987 ва 14-15 нафари дигар дар якҷоягӣ бо  сарҳадбонон ва милитсияи қирғиз автомашинаи ўро иҳота намуда, бо санг шишаи пеш ва дари тарафи ронандаро  шикаста, Аҷобиддинзода Фарҳодҷонро  сангборон  кардаанд.

Дар асари ин сангпартоӣ ў  зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Соати 15:10  дақиқа, гурӯҳи мазкур микроавтобуси тамғаи “Спринтер”, рақами қайди давлатиаш 8500 ТТ 02-ро, ки ба сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Юсупов Яъкуб тааллуқ дорад, сангборон намуданд.

Боиси нигаронӣ аст, ки вақтҳои охир шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон, бо истифодаи ярок ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Манбаъ афзуда, ки айни замон тирпарронӣ қатъ гардида, вазъият дар минтақа таҳти назорат қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0