Бархӯрди 4 худрави "Опел" в ҳалокати 4 мусофир дар як рӯз

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи як рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон дар пайи садамаҳои нақлиётӣ 4 тан ҳалок ва чанде маҷрӯҳ шуданд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як рӯзи ахир дар ду шоҳроҳи кишвар чор автомашинаи тамғаи "Опел -Астра" ба садама дучор шудаанд. Дар натиҷа чор мусофир ҳалок ва чанде захмӣ гардидаанд.

Бархӯрди магбори Опелҳо дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди маргбори 2 “Опел зафира” дар роҳи Душанбе-Чаноқ-аксҳо

Гуфта мешавад, 13-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Рустамов Тоҷиддин Бозорович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди деҳаи Гулдараи шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомшина набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи Исоев Карим Олимович, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-и дуюм, Исоев К.О. ва мусофирони автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-и якум Дадабоев Умедҷон Мавлонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ноболиғ Ҳакимов Насимҷон Сафарович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

"Мусофири дигари он Асроров Саидҷаъфар Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - тавзеҳ медиҳад вазорат.

Инвалидные коляски, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: пахши маъюби савори дучарха аз тарафи ронандаи “Опел”

Ҳамчунин, рӯзи 13-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Раҳимов Амирхон Ҷумаевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Фархор ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Навободи поёни ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда, Нуралиев Шамсуддинхон Нуриддинович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Кӯлоб, бармехӯрад.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-и якум, шаҳрванд Собирова Гулҷаҳон, соли таваллудаш 1957, сокини деҳаи Аловиддини ноҳияи Фархор дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Мирзоева Зебонисо Қаюмовна, соли таваллудаш 1963 ва ронандаҳо Нуралиев Ш.Н ва Раҳимов А.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0