Зани соҳибкор - роҳбари ширкати “Нур” дар Душанбе бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

© Sputnik / Рамиль СитдиковНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки директори ҶДММ “Нур” ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсияи пойтахт зани 61-солаи сокини шаҳри Бохтар, собиқ директори ширкати  “Нур” ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намудааанд.

Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти собиқ раиси "Тоҷпромбонк" Ҷамшед Зиёев

Тавре масъулини ВУД Тоҷикистон таъкид намудаанд, раиси ширкати “Нур” санаи 26-уми августи соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 57-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахт даромада, аз ӯ 447 ҳазору 205 долларашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир тафтишот аз рӯи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Инчунин ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 200 ва 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд ва марди 26-солаи сокини ноҳияи Деваштич, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Рӯстамҷон”, воқеъ дар шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 40-тонна ангури навъи тоифӣ, ҷамъ ба маблағи 170 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Вазорати умури дохила гуфтааст, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур низ тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0