11:26 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
910 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт шудани сокини 41 - солаи ноҳияи Панҷ хабар медиҳад, ки дар куштори меҳмони худ даст доштаст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Кормандони милитсия марди 41 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷро бо гумони одамкушӣ дастгир намуданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи куштор рӯзи 14 - уми январи соли 2020 рух додаст.

Манбаъ меафзояд, сокини ноҳияи Панҷ дар хонаи истиқоматии худ бо марди 21 - сола, сокини ҳамин ноҳия муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ 2 маротиба ба гарданаш задааст.

Маҳкумшуда барои марги модар ҳангоми аёдати хешовандон боз куштор содир кард-видео

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа ҷабридида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, куштор, Панҷ

Мавзӯъҳои асосӣ