06:05 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
83001

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 32 - солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.  Кормандони милитсияи пойтахт сокини 32 - солаи пойтахтро боздошт намуданд, ки дар куштори марди 57 - сола, сокини шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 2 - юми декабри соли 2019, тахминан соати 21:30 дақиқа дар қаҳвахонаи "Сабрина" рух додаст.

Манбаъ меафзояд, сокини пойтахт дар ҳолати мастӣ ва аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 57 - сола вориди муноқиша шуда, ӯро то мурдан лату кӯб намудаст.

Куштор: марди 53-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро буғӣ кард

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки як ҳодисаи дигари куштор рӯзи 14 - уми январи соли 2020 рух дода буд. Сокини ноҳияи Панҷакент дар манзили истиқоматии худ бо марди 21 - сола, сокини ҳамин ноҳия вориди муноқиша шуда, ӯро бо корд зада кушт.

Куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар бо 13 захми корд

Феълан, нисбати гумонбаршуда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
куштор, қаҳвахона, муноқиша, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ