01:04 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Ҷавони 25-сола, зодаи ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кордзании пулис дар Башқирдистон муттаҳам мешуд, ба 15 соли зиндон маҳкум шудаст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Маҳкумшуда дар нашъаҷаллобӣ ва маҷруҳ кардани пулис бо зарби корд гунаҳкор дониста шуд, хабар додаанд расонаҳои маҳаллии Башқирдистон.

Зикр шудаст, ки ҳодиса моҳи сентябри соли гузашта дар ноҳияи Дюртюл, замоне рух додаст, ки муттаҳам ба ҷой кардани халтаҳои маводи мухаддир дар пинҳонгоҳҳо машғул будааст.

Ба иттилои мақомоти Башқирдистон, маъмурини пулис талош кардаанд, ҷавонро ҳангоми пинҳон кардани халтаҳо бо мухаддирот боздошт кунанд, аммо ӯ муқобилият нишон дода, яке аз онҳоро захмӣ кардааст.

Додгоҳи олии Башқирдистон ҷавонро дар нашъаҷаллобию қасди ҷони корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гунаҳкор дониста, барои 15 сол равонаи зиндони низомаш сахт кардааст.

Маҳкумшуда ва вакили дифояш даъво кардаанд, ки ҳангоми зарба задан ҳамлагар огоҳ набудааст, ки ҷабрдида корманди пулис аст, аммо марҳилаи болои додгоҳӣ низ ҳукмро бе тағйир гузоштаст.

Барчаспҳо:
ҷазо, корд, ҳукм, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ