Бархӯрди пурқурбонии мошинҳои ҳомили 9 нафар дар Файзобод

© Фото : предоставлено ГУ МЧС по Чеченской Республике / Гузариш ба медиабонкДТП на федеральной трассе "Кавказ" в Чечне
ДТП на федеральной трассе Кавказ в Чечне - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи бархӯрди ду мошин дар шаҳраки Файзобод 2 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар маҷруҳ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, сонеҳаи нақлиётӣ 19-уми январ, тахмин соати 09:00 дар ҳоле рух дод, ки мошини “КИА РИО” таҳти идораи Саъдӣ Нуралиев, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз самти ноҳияи Файзобод ба сӯи шаҳри Роғун ҳаракат дошт.

Гул, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Видоъ бо қурбониёни Boeing дар Украина

Манбаъ афзуд, ронандаи “КИА РИО” дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, таҳти идораи Кабутов Мирзоалӣ, сокини 33-солаи шаҳри Роғун, бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, Раҳимов Сулаймон Салимович, соли таваллудаш 1987 ва Каримова Шаъмигул Олимовна, соли таваллудаш 1959, сокинони шаҳри Роғун, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, ки ронандаҳо ва 5 мусофири дигари мошинҳо - Чақалов Ҷонибек, сокини 38-солаи шаҳри Роғун, Азамова Моҳрухсори 43-сола аз ноҳияи Файзобод, Холиқов Суҳроби 25-сола ва  Зоирова Дилороми 41-сола, сокинони шаҳри Душанбе ва Буриева Урунаи 36-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мақомот таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0