01:13 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1059 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 36-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Муттаҳам аввалҳои моҳи январи соли 2020 аз марди 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 120 ҳазор сомонӣ талаб карда, ваъда додааст, ки бар иваз падари 69-солаашро тавассути шиносҳои худ аз зиндон озод хоҳад кард.

ВУД тавзеҳ додааст, ки маҳбуси 69-сола, ҳанӯз соли 2008, бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар одамкушӣ гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум гардидаст.

Манбаъ афзуд, муттаҳам дар қаллобӣ барои барои ба озодӣ баровардани маҳкумшудаи мазкур аз писараш 120 ҳазор сомонӣ талаб намуда, 13-уми январи соли 2020, ҳангоми гирифтани маблағи мазкур, дастгир шудааст.

“Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки номбурда соли 2015, барои озод намудани падари ҷабрдида, маблағи 18 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
парванда, қаллобӣ, озод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ