Ду садамаи маргбор дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе ва Хуҷанд дар як рӯз: ду тан ҳалок шуданд

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои ВКД, дар ду ҳолат низ аз ноӯҳдабароии ронанда садама сар задаву дар натиҷа ду тан ҳалок шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи марговар дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе ва Хуҷанд гузориш додааст, ки дар натиҷа ду тан ҳалок шудаанд.

Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД аз ҳалокати марди 60-сола дар роҳ ба бемористон хабар дод

Бино бар иттилои ВУД, ҳодисаи аввал дар ҳудуди шоҳроҳи Бохтар-Душанбе шоми 31 январ рух додааст. 

"Ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, Қутбидинов Билол Маҳмадашурович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар, ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Исмоилов Каримҷон Маҳмадҷонович, соли таваллудаш 1967, сокини ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ҳамин ноҳияро пахш намудааст", - менависад манбаъ.

ВКД мардеро меҷӯяд, ки маблағи ҳангуфти сокини Рӯдакиро гирифта ғайб задааст

Дар натиҷа, пиёдагард Исмоилов К.М. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, санаи 31-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Зоидов Муқимҷон Муҳсинович, соли таваллудаш 1987, сокини кӯчаи Лолаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳусейнов Мухтор Муҳсинович, соли таваллудаш 1954, сокини ҳамин шаҳрро, ки аз тарафи чап ба рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Ҳусейнов М.М. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0