19:34 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6931 0 0

Дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистону Чин, дар яке аз вилоятҳои Афғонистон 10 кӯдак аз беморӣ ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар қисмати шимолӣ-шарқии вилояти Бадахшони Афғонистон кӯдакон фавтиданд, хабар медиҳад Афганистан.Ру бо такя ба мақомоти тандурустии кишвар.

Пештар аз бемории 20 кӯдаки афғон дар вулусволии Юмгон хабар дода шуд ва инак аз ҳалокати 10 ноболиғ хабар расид.

"Худо нишон надиҳад!" 15 ташхиси манфии "вируси тоҷдор" дар Тоҷикистон

Ба ин минтақа 4 гурӯҳи пизишкон равон карда шудаанд. Ҳамчунин гурӯҳи пизишкон дар 7 манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъол ҳастанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, кӯдакон аз бемории пневмония ба ҳалокат расидаанд, вале ташхиси ниҳоӣ ҳоло маълум нест.

Шӯрои вилояти Бадахшони Афғонистон аз паҳншавии вируси нав нигаронанд. Ҳукумат чораҳои зарурӣ меандешад: бархе аз ҷойҳои ҷамъшавии мардум барҳам дода шудааст.

Таъйиди марги нахустин қурбонии вируси "тоҷдор" берун аз Чин

Дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пизишкон фаъоланд ва ҳар як хориҷиро ташхис мекунанд. Дар Кобул маркази вижаи тиббӣ ташкил шудааст.

Вируси "тоҷдор"

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрвади Чин бо вируси тоҷдор ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал.

Барчаспҳо:
ҳалокат, кӯдак, Афғонистон, вирус

Мавзӯъҳои асосӣ