18:06 25 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир гардидани ду хонандаи 15 ва 16 солаи деҳаи Навдии ноҳияи Рашт хабар медиҳад, ки ғайриқонуни мошини дар роҳ беназоратмондаро ба самти номаълум ҳай карда бурданд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия ду хонандаи синфи 8 - уми МТМУ дар ноҳияи Рашт дастгир намуданд, ки ғайриқонунӣ автомашинаро бидуни мақсади тасарруф, ҳай карда бурданд.

Ба иттилои манбаъ, хонандагони синфи 8, сокинони деҳаи Навдии ноҳияи Рашт мебошанд.

Боздошти ҷавони 16-сола барои рабудани мошини мӯйсафеди 75-сола

Номбурдагон, санаи 24-уми январи соли 2020, тахминан соати 14:00, автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”-ро, ки ба марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъа-Сурхи ҳамин ноҳия тааллуқ дошта, дар кӯчаи Ҳусейнзода беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
хонанда, мошин, Рашт

Мавзӯъҳои асосӣ