20:21 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1023 0 0

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз дастгир шудани вакили дифоъ Парвина Иноятова хабар додааст, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Алайҳи Иноятова ба идораи раёсати мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе шаҳрванд “А” муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳимоятгар аз ӯ 15 ҳазор сомонӣ талаб дорад, хабар додаст котиботи Ожонс.

“Санаи 14 январи соли 2020 шаҳрванд “А” бо ариза ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки нисбати ҳимоятгари Маслиҳатхонаи ҳуқуқии №1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иноятова Парвина Саидмировна чораҳои қонунӣ андешида шавад”, - омадааст дар иттилоия.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки ҳимоятгар аз ӯ барои гуиё ба воситаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба манфиати шаҳрванд “Б” ҳал намудани баҳси манзил 3 ҳазор сомонӣ гирифта, боз 15 ҳазор сомонии дигар талаб карда истодааст.

“Худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ Иноятова баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1500 доллари ИМА дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, - хабар додаст Ожонс.

Назари худи айбдоршаванда дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Ожонс таъкид намудааст, ки аз рӯи ин ҳолат нисбати Иноятова бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Барчаспҳо:
қаллобӣ, пора, боздошт, Иноятова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ