17:22 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2438 0 0

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти Таҳмина Сайдуллоева, сокини 36-солаи ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом хабар дод, ки худро майор муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон маблағҳои ҳангуфт гирифтааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Сайдуллоева, ки барои худ либосҳои майорро омода кардаасту худро корманди мақомот муаррифӣ мекардааст, феълан дар се ҳолати тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад.

“Дар моҳи июли соли 2019 бо ваъдаи мусоидат дар гирифтани квотаи шаҳрвандии Русия аз Анвар Салимов 80 ҳазор рубли русӣ, моҳи октябр барои бо нархи арзонтар тавассути шиносҳояш овардани “Тойота кемрӣ” аз Икром Бобоҷонов 429 ҳазор рубли русӣ, аз ҷабрдидаи дигар 1 миллиону 175 ҳазор рубли русӣ гирифта, барои эҳтиёҷоти шахсияш истифода бурдааст”, - омадааст дар гузориши раёсати умури дохилии Суғд.

Таҳмина Сайдуллоева дар гузориш дар бораи либосҳои тақаллубии низомӣ изҳор медорад, ки аз кори кардааш пушаймон аст.

 “Ҳамин формая пӯшидам, пушаймон ҳам шудам. Аз ҳамон пеш мечтат мекардам, ки милиса шавам, может беақлӣ кардам”, - гуфт Сайдуллоева дар видеои нашршуда.

Раёсати умури дохилии Суғд аз шаҳрвандони огоҳ ё ҷабрдида аз фаъолияти Таҳмина Сайдуллоева хоҳиш кардааст, ки ба ин ниҳод дар тамос шаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ