08:47 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Бино ба маълумоти пешакӣ, Ан-2 бо бори вазнин ба ҳаво бархост, ки дар натиҷа аз уҳдаи он набаромада истироран фуруд омад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ҳавопаймои хусусии Ан-2 дар Магадан нишасти изтирорӣ анҷом дод. Дар натиҷа ду кас - як мусофир ва як сарнишин ҷароҳатдор шуданд, хабар доданд ба  РИА Новости намояндаи минтақавии КҲФ.

Дар умум дар дохили тайёра 14 кас қарор доштааст. Ба ҳамаи онҳо даст додааст, худ киштии ҳавоиро тарк кунанд. Ҳамаи захмиён дарҳол ба бемористон интиқол дода шудаанд. Пизишкон мегӯянд, сутунмуҳраи бархе аз захмиён осеб дидааст.

Вазъи аксари мусофиронрро пизишкон миёна арзёбӣ мекунанд.

Қайд мешавад, ки ҳавопаймо натавонист парвоз кунад ва аз баланди 10 метр ба замин сарозер шуд.

Дар натиҷа қисмати чапи ҳавопаймо ва чархҳои пешаш шикастанд.

Се пора шуд: навори суқути ҳавопаймо дар Истанбул

Бояд зикр кард, ки ҳавопаймои хусусии Ан-2 ба ширкати коркарди тиллои "Т-Семент" тааллуқ дорад. Ҳавопаймо бояд аз Магадан ба Сеймчан парвоз мекард.

Дигар ҷузъиёти суқути ҳавопаймо феълан муайян карда мешавад, вале тибқи иттилои пешакӣ, ҳавопаймо бо бори вазнин ба ҳаво бархостааст.

Сабабҳои дигари суқут, метавонад ноқисии техникӣ ё идораи нодурусти киштии ҳавоӣ бошад.

Барчаспҳо:
хусусӣ, ҳавопаймо, суқут, суқут, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ