00:29 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Кормандони милитсия дар асоси шикояти сокини 62 - солаи шаҳри Душанбе, ҷавони 25 - соларо дастгир намуданд, ки дар ғорат кардани сокини пойтахт гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 25 - солаи ноҳияи Восеъ хабар медиҳад, ки дар ғорат кардани сокини 62 - солаи пойтахт гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан низ, айнан бо ҷурми ғоратгарӣ. тибқи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.

Ғоратгарӣ бо бел: як гурӯҳи тоҷикон дар Русия аз 9 то 12 соли зиндон маҳкум шуданд

Ҷавон рӯзи 9 - уми сентябри соли 2019 дар бозори Меҳргон бо роҳи зӯроварӣ ба сари як марди миёнасол селофани полиэтиленӣ кашида, аз кисааш 610 - сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис тавонистанд ғоратгарро боздошт кунанд ва феълан аз рӯи ин ҳодиса иафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, ВУД, ғоратгарӣ

Мавзӯъҳои асосӣ