17:27 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
108901

Дар аксар манотиқ ба далели коронавирус ё “вируси тоҷдор” таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ манъ карда шуданд. Кишварҳои ҳамсоя низ марзҳояшонро ба рӯи Эрон бастанд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Эрон аллакай 43 нафар мубталои маризии сироятии коронавирус гардиданд ва 8 нафар дардманди ин маризӣ ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Вазорати беҳдошти ин кишвар Киёнуш Ҷаҳонгир.

Ба гуфтаи ӯ, 15 ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус дар Эрон  ошкор карда шуд, ки аз ин 15 нафар се нафарашон аллакай гузаштаанд. Бори аввал, ҳолатҳои сироятёбӣ дар Эрон 19 феврал маълум шуданд. Ба гуфтаи табибон, аксарияти сироятёфтагон сокинони шаҳри Қум ва ё нафароне, ки барои зиёрат озими ин шаҳри гардидаанд, ба ҳисоб мераванд. Ин маризӣ дар Эрон пас аз он сар зад, ки яке аз сокинони шаҳри Қум  ба Чин рафт ва сироят шуда ба ватан баргашт.

Шиддат гирифтани “коронавирус” дар Эрон: шумори ҷонбохтагон ба 5 нафар расид

Номбурда аллакай аз коронавирус фавтидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар аксар манотиқҳои Эрон ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон, таъсил дар макотибҳо, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ манъ гардидааст.

Зимнан, бар асари сар задани ин беморӣ дар Эрон, Туркия тасмим гирифт, ки марзро бо ҳамсоякишвари худ мебандад. Туркия ин тасмимашро ба хотири вуруди теъдоди зиёди сайёҳон аз Эрон дар арафаи Наврӯз шарҳ додааст.

Ҳамзамон, Афғонистон низ роҳи заминӣ ва ҳавоиро бо Эрон муваққатан масдуд намуд. Ғайр аз ин, мақомоти Афғонистон воридоти мурғ ва тухмро аз Эрон ва Покистон муваққатан манъ карданд.

Коронавирус то ба Эрон расид: мақомот аз мубтало гардидани ду нафар хабар доданд

Покистон низ алоқаҳои нақлиётиро бо Эрон муваққатан қатъ кард ва ҳукумати музофоти Балуҷистон дар ҳамаи минтақаҳои наздисарҳадии ин кишвар, вазъияти фавқулода ҷорӣ кард ва сафари ҳаҷро ба он ҷо манъ кард. Илова бар ин, назорати ҳолати мусофирон дар фурудгоҳҳои байналмилалии Қарочӣ, Лоҳур ва Кветта пурзӯр карда шудааст.

Тибқи охирин маълумотҳо, бар асари маризии сироятии коронавирус дасти кам 2 461 нафар ба ҳалокат расиданд ва 78 766 нафар дардманди ин маризӣ мебошанд.

Барчаспҳо:
масдудият, марз, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ