10:14 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
235701

Сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) - и вилояти Суғд вазъи ҳаводиси нохуш ва кушта шудани афрод дар роҳҳои Тоҷикистонро нигаронкунанда хондааст

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Юсуф Эмомзода ба хабаргузории миллии "Ховар" гуфтааст, ки бо вуҷуди ташдид бахшидани ҷазову ҷарима дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Вай дар мисоли вазъи ҳаракат дар роҳҳои Суғд омор овардааст, ки тайи соли 2019 дар қаламрави вилоят 416 ҳазору 158 ё 19993 маврид бештар дар қиёс бо соли 2018 қоидаситезиҳои дағали ҳаракат дар роҳ сабт шудаанд.

"Аз ҷумла 692 адад ҳолати дар ҳоли мастӣ, 546 мавриди бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 80880 ҳолати бо суръати баланд рондани нақлиёт, 17629 мавриди истифодаи телефони мобилӣ дар сари чамбарак, 21397 ҳолати нагузаронидани нақлиёт аз муоинаи техникӣ ва 130425 мавриди қоидаситезӣ аз сӯи пиёдагардон ошкор гардидааст", - гуфтааст сардори шуъбаи БДА - и вилояти Суғд.

Ба қавли ӯ, 27,5 фоизи садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави вилоят ба шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, роҳи асосии пайвандгари шимолу маркази ҷумҳурӣ, рост меояд. Вай мегӯяд, соли 2019 дар ин роҳе, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад, 81 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ сабт шудааст.

"Дар натиҷа 48 нафар ҳалок ва 81 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аз ҷумла, шумораи бештари садама ва фавт дар ҳудуди роҳи минтақаи ноҳияи Айнӣ 17 садама (10 фавт), Шаҳристон 14 садама (9 фавт), Истаравшан 15 садама (9 фавт), Бобоҷон Ғафуров 15 садама (8 фавт) ва Спитамен 10 садама (10 фавт) сабт шудааст",  – гуфтааст Юсуф Эмомзода.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳанӯз соли 2017 дар робита ба 10 – солагии Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз сохторҳои зирабт тақозо карда буд, ки ба зудтарин фурсат сари қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардан, бо суръати баланд рондани нақлиёт, ҳамзамон ба муассисаи таълимӣ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон таҷдиди назар кунанд.

Баъдтар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон низ тағйирот ворид шуд, ки бино ба он, муҳлати маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ аз ду то даҳ сол, барои дар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт ҷазои вазнин понздаҳ ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати панҷ сол таъйин шуд.

Ҳалокати се нафар дар садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ давоми як шабонарӯз

Аммо тавре омор нишон медиҳад, ташдид бахшидани ҷазо ва афзудани ҷарима низ ба вазъ беҳдбудӣ ворид накардааст. Юсуф Эмомзода мегӯяд, БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ низ тадобири зарурӣ менадешад, аммо ҳанӯз ҳам масъалаи дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Мавзӯъҳои асосӣ