14:57 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Ба иттилои ВКД, дар ҳарду ҳолат ҳам ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромад, ба садама дучор шудааст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани ду садамаи маргбор гузориш додааст, ки дар натиҷа, мутаассифона ду тан ҳалок гаштаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қулматов Бобур Обидҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Косатарош, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба ҷӯйбори обгузар чаппа шудааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Умарова Фотима Бозоровна, соли таваллудаш 1983, сокини хамонҷо, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Фавти раиси Додгоҳи шаҳри Истаравшан ва корманди хоҷагии ҷангал дар пайи садамаи нақлиётӣ

Мутаассифона, санаи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд”, Расулов Миралӣ Нуруллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини кӯчаи Амиршоеви пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи роҳи даромад ба бинои “Маҷмааи Варзишӣ” пиёдагард Рулонов Толибҷон Давлатович, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалии ноҳияи Восеъро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

 

Барчаспҳо:
садама, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ