00:49 13 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
181 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати пиёдагарди хурдсол хабар медиҳад, ки зери чархи ронандаи мошини Toyota Camry монда ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рӯзи 2 - юми марти соли  равон дар ноҳияи Восеъ ба вуқӯъ омадааст.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сонеҳаи нақлиётӣ ба айбиронандаи автомашинаи тамғаи Toyota Camry Абдусууди Абдусаттор, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ рух додааст.

Садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Турсунзода

Манбаъ меафзояд, номбурда ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Селбур ба самти деҳаи Тосқалӣаи ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалиев аз уҳдаи идораи худрав набаромада, пиёдагарди хурдсол, Бегов Рӯзибеки 5 - соларо пахш намудааст.

"Пиёдагарди хурдсол, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта. дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабари манбаъ.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
кӯдак, ҳалокат, мошин, садама

Мавзӯъҳои асосӣ