13:40 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
143601

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Рӯдакиро барои қатли як сокини ноҳияи Ёвон ба муҳлатҳои дароз ба зиндони низомаш сахт равона кард

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷиикистон, Олимов Раҳматулло ва Сайдулаев Маҳмудҷон дар куштори Маллаев А.А. муттаҳам дониста шуда ба 21 ва 23 сол равонаи зиндон шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, моҳи майи соли гузашта Сайдулаев Маҳмудҷон ҳамроҳи Олимов Раҳматулло барои ба охир расонидани сохтмони хонаи нимсохтааш ба деҳаи Сароби ҷамоати Зайнабободӣ ноҳияи Рӯдакӣ меоянд ва ба корҳои сохтмонии онҳо шаҳрванд Маллаев А.А.низ ҳамроҳ мешавад.

Манбаъ мегӯяд, баъди анҷоми яке аз рӯзҳои корӣ Сайдулаев, Олимов ва Маллаев як шиша арақи навъи “Тоҷикистон” –ро бо нон харида ҳамчун хурокӣ шом якҷоя истеъмол менамоянд, вале Маллаев соати 23:00 дар ҳолаи мастӣ бо баҳонаи он ки корфармо хӯроки шом надод, ба хонаи хобаш даромада ба ӯ дар меафтад. Дар пайи муноқиша Олимов Раҳматулло низ, ки маст буд мехоҳад онҳоро халос созад вале Маллаев ӯро низ чанд мушт мезанад.

  “Баъди ба берун баровардан Маллаев А.А. ҷанҷолашро бо Олимов Р.М. идома дода, боз якчанд зарбаи дигар бо дастонаш мезанад. Дар ин ҳолат Олимов Р.М. аз саҳни ҳавлӣ каланди деҳқонии дастааш чубинро гирифта, ба қисмати рости сари Маллаев А.А. як зарбаи сахти марговар мезанад, ки дар натиҷа Маллаев А.А. ба замин афтида, аз сараш хуни зиёд меравад”,-афзудааст манбаъ.

 Дафтари матбуотии додситонӣ мегӯяд, Сайдуллаев Маҳмудҷон низ аз дохили ҳуҷра баромада, бо мақсади ба ба қатл расонидан Маллаевро латтукӯб мекунад, ки дар натиҷаи зарбаҳои сахт дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

   Тибқи иттилои Додситонӣ, Сайдулаев Маҳмудҷон ва Олимов Раҳматулло баъди ба қатл расонидани Маллаев бо мақсади руйпӯш намудани чиноятӣ содирнамудаашон дар қисмати поёни саҳни ҳавлӣ заминро канда, дар чуқурии 1 метр ҷасади ӯро зери хок пинҳон кардаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ 30 августа соли 2019 ҷасади Маллаев А.А. аз саҳни ҳавлии Сайдулаев М.М. аз зери хок дарёфт карда шудааст.

Барчаспҳо:
сохтмон, куштор, Додситонӣ, Додгоҳи олӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ