09:47 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
656 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз авбошии чанд ҷавон ва ноболиғони пойтахт хабар медиҳад, ки як сокини ноҳияи Фархор ва ҳамраҳи ӯро латукӯб намудаанд

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Муноқишаи ду ҷавони 20, 23 - сола ва ду ноболиғи 16 ва 17 - сола бо сокинони Фархор, рӯзи 2 - юми марти соли равон дар кӯчаи Синои пойтахт рух додаст.

Дар ин бора котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар асоси аризаи шикоятии ҷабридида хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сокини Фархор ба кормандони милитсия муроҷиат намудаст, ки рӯзи 2 - юми март ӯ ва як ҳамраҳашро ду ҷавон ва ду ноболиғ, ки сокинони пойтахт мебошанд, латукӯб намуданд.

Ду зарба бо корд ба шикам: парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 110 нисбати Алиев

"Зимнан, ноболиғи 17 - сола, ки дар дасташ корд дошт, ҷавони 25 -сола, сокини ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархорро аз қисмати шикам захмӣ намудааст", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳар ду ҷабридида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
латукӯб, ноболиғ, кордкашӣ, Фархор, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ