Пешниҳоди қадрдонии 2 ҷавон барои наҷоти духтар аз сӯхтор дар беморхона-видео

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкРодственница одного из пропавших без вести при пожаре в торговом центре «Зимняя вишня» в Кемерово
Родственница одного из пропавших без вести при пожаре в торговом центре «Зимняя вишня» в Кемерово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду ҷавон дар ноҳияи Ёвон ҷавондухтареро, ки дар ошёнаи боло дар иҳотаи оташ монда буд, бо арғамчин боло кашида, наҷот доданд

ДУШАНБЕ,  9 мар — Sputnik. Сӯхтори ошёнаҳои 4 ва 5-и беморхонаи ноҳияи Ёвон рӯзи 6 март рух дод, хабар додааст саҳифаи parviz.tv дар Инстаграм.

Манбаъ зимни нашри навори сӯхтор иттилоъ додаст, ки оташ ошёнаҳои болоиро фаро гирифта буд ва духтар илоҷе ҷуз баромадан ба бом ё худро партофтан ба поин надошт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Parviz TV (@parviz.tv)

Ҷавонон бо истифода аз арғамчин духтари дармонда дар коми оташро боло бардошта ва шоҳидон аз ин қаҳрамонияшон бо таҳсину офаринхонӣ истиқбол намуданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навори наҷоти ҷавондухтарро писандида, хостаанд, мақомоти Тоҷикистон ин амали ҷавонмардонаи ҷавононро қадрдонӣ намояд.

Дар гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон афродеро, ки дар наҷоти дигарон саҳм гузоштанд, бо нишони махсус қадрдонӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0