"Падарашро напурсиду модарандарашро кушт" : шарҳи ВУД аз марги ронандаю мусофир - видео

© саҳифаи интернетии ширкати IRSМошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд
Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бобур Қулматов ҷавони 23-солаи сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент бе огоҳии падараш, мошини "Opel-Actra" -ро гирифта, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, онро ба ҷарӣ сарозер кардааст

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар паи ин ҳодиса, модарандари Бобур, ҷавонзани 37 -сола, Умарова Фотима Бозоровна бо бардоштани ҷароҳати зиёди ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд дар гузориши ахири худ, рухдоди ду садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои минтақаи шимоли Тоҷикистонро шарҳ додааст, ки боиси канда шудани риштаи умри ду нафар шудааст.

Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, яке аз ин садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки автомашинаи "Ваз -2106" рух дода, сабаби марги ронандаи он Лутфулло Эшбоеви 46-сола гардидааст.

Дорожный знак - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати Фаридаи ноболиғ зери чархи "Мерседес" дар пеши беморхона

Ронандаи автомашинаи "Ваз-2106" Лутфулло Эшбоев, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ҳаракат дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд -Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич нақлиётро идора карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба ядаки автомашинаи боркаши тамғаи Mersedes-Benz бархурдаааст.

"Расиши ин воситаҳои нақлиёт фоҷиавӣ анҷомида, ронандаи автомашинаи сабукрав дар натиҷаи лахту пора шудани автомашина дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад", - иттилоъ додааст, Шарифӣ.

Ҳодисаи дигари роҳу нақлиётӣ, ки дар пайи он мусофири 37-cола дар ноҳияи Панҷакент ба ҳалокат расидааст, аз ноуҳдабароии ронанда ба вуқӯъ пайвастааст.

Автомобиль скорой помощи  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати кӯдаки 5 - сола зери чархи мошини Toyota Camry дар ноҳияи Восеъ

Сухангӯи РВКД дар Суғд иттилоъ додааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Opel-Actra, Бобур Қулматов сокини 23-солаи деҳаи Чорбоғи ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи дохили деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии канори роҳ сарозер шудааст.

"Бе иҷозати падарам, мошинро гирифтам. Дар вақти ҳаракат онро идора карда натавонистам. Ба ҷарӣ ғалтиду ба дарахт зад. Очаам аз ин ҳолат ҷароҳат гирифтанд", - гуфтааст Қулматов

Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, дар натиҷаи ба ҷаррӣ ҷаррӣ сарозер шудани нақлиёт мусофири 37-солаи он, ки гуфта мешавад модари Бобур Қулматов аст, бо бардошти ҷароҳат дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти БДА рухдоди ин ду садамаи нақлиётиро аз нодида гирифтани қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳ шарҳ додаанд.

Лентаи хабарҳо
0