Пул деҳ, шиносномаи кортӣ мегирӣ: қаллобӣ дар пеши идораи шиносномадиҳӣ-видео

© Sputnik / Амир ИсаевНовые пластиковые паспорта в Таджикистане
Новые пластиковые паспорта в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуазиз Бобоҷонов, ки дар қаллобӣ айбор мешавад, изҳор дошт, ки дар пеши идораи шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандон худро корманди ин мақомот гуфта, пул мегирифтааст

ДУШАНБЕ, 13 март – Sputnik. Раёсати умури дохилии Хатлон аз боздошти Бобоҷонов, сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоб хабар дод, ки дар 30 ҳолати қаллобӣ айбдор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла айбдоршаванда худро корманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ муаррифӣ намуда, ба ивази маблағ ба шаҳрвандон шиносномаҳои навъи кортиро ваъда медодаст.

Нуқта дар баҳси шиносномаи сурхи Раҳмон: куҳна набудааст-акс

“Меомадам дар пеши шиносномадиҳӣ меистодам, худро ба шаҳрвандон корманди паспортний стол мегуфтам, сум мегирифтаму баъд сурату аз ҷои истиқомат справка, - 4 намуд чиза биёред, мегуфтам, баъди 15 рӯз тайёр мешавад, ҳамин ҷо меоед, шиносномаатонро медиҳам”, - изҳор дошт Бобоҷонов дар гузориши нашркардаи РВУД.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид кард, ки феълан даст доштани айбдоршаванда дар 30 ҳолати қаллобӣ ошкор шуда, зарари расондааш 30 ҳазор сомониро ташкил додаст. Аз афроде, ки ҳадафи фиреби ин нафар қарор додаанд, даъват шудааст, ба мақомоти милиса муроҷиат намоянд.

Назари бевоситаи Бобоҷонов, ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0