Садамаи пурмоҷаро дар ноҳияи Кушониён як кушта ва чор захмӣ бар ҷой гузошт

© Jan2575 / pixabayСгоревшая машина
Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи бархӯрди ронандаи худрави "Мерседев Бенс" бо ду мошини тамғаи "Опел Астра", як кушта ва чор захмӣ бар ҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи пурмоҷаро дар ноҳияи Кушониён хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки садама маргбор рӯзи 13-уми марти соли 2020, тахминан соати 06:30 ба вуқӯъ пайвастааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор: се нафар ба ҳалокат расид

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Холов Саидҷон Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти К.Сайфуддинови ноҳияи Панҷ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Кушониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба худрави тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда, Баротов Ашурмаҳмад Тилавович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Хуросон, бархӯрдааст. 

Сипас, ронандаи тамғаи "Мерседес-Бенс" ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба худрави тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда, Ҷӯраев Мансур Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бархӯрдааст.

"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Ҷӯраев М.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Муҳаммадиев Раҳимҷон Қарчиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Холов С.У. ва мусофиронаш: Сафарова Зарина Ҳайдаралиевна, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Бохтар, Зоиров Қодир Фозилович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Панҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0