08:20 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
560 0 0

Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як мансабдори давлатӣ хабар медиҳад, ки замини наздиҳавлигиро ба қиммати беш аз шаш ҳазор доллар фурӯхтааст

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ба иттилои Агентии мубориза бо фасод, Жураев Нурмаҳмад, ки вазифаи муҳандис-заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Ҳайёти нави ноҳияи Ёвон кор мекард, ба як сокини ноҳия замини наздиҳавлигӣ фурӯхтаст.

Манбаъ мегӯяд, Жураев дидаю дониста, ки ваколати ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини Ҷамоати мазкур даромада, аз ӯ барои аз ҳисоби заминҳои фонди наздиҳавлигии Ҷамоат ҷудо карда додани 0,16 га. қитъаи замини наздиҳавлигиро ваъда кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ барои ин кор аз Уктамҷон Шамсиддинов моҳи октябри соли 2014 маблағи 3500 доллар ва моҳи феврали соли гузашта маблағи 30000 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

“Жураев Нурмаҳмад, бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ба Уктамҷон Шамсиддинов зарари махсусан калони моддӣ расонид”,-афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуотии Агентӣ мегӯяд, нисбат ба Жураев Нурмаҳмад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, мансабдор, Ёвон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ