00:29 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
193 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, ки ба коркарди асал равона хоҳад шуд, ифтитоҳ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар ин корхона коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, ширкат бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот, таъмини рақобатпазирии маҳсулот ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани он, коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.

Манбаъ мегӯяд, ки ҶДММ “Хантана Канада” маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки бузургтарин давлатҳои воридкунандаи асал мебошанд, содирот мекунад. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ низ нигаронида шудааст.

“Ашёи хом асали табиӣ буда, аз асалпарварони маҳаллӣ, ки бо онҳо шартномаи пешакӣ баста шудааст, харидорӣ карда мешавад. Зарфҳо ва тамғақоғазҳо барои бастабандӣ аз ширкатҳои чинӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд. Дар сурати зиёд гаштани ҳаҷми содирот, ширкат истеҳсол кардани зарфҳои шишагии худро ба нақша гирифтааст”,-афзудааст дафтари матбуотии президент.

Корхона азм дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро дар як сол ба 240 тонна расонад. Дар ҶДММ “Хантана Канада ИНК” зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.    

Барчаспҳо:
Хуҷанд, ифтитоҳ, корхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ