11:49 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
342 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфти як ҷасади ҷавонзан дар соҳили дарёи Кофарниҳон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод,  фавтида ҷавонзани 22-сола буда, иллати маргаш дақиқ набудааст.

“Тибқи маълумоти сардори бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 24 – уми марти соли равон, соати 17:30 дақиқа аз шуъбаи навбатдори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки ҷасади номаълум дар соҳили дарёи Кофарниҳон пайдо шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бо дарёфти хабар афсарони бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат ҳамроҳ бо кормандони ШВКД ва намояндаи прокуратураи шаҳри Ваҳдат ба ҷои ҳодиса раисданд: “Дар натиҷа маълум гардид, ки марҳум як ҷавонзани 22-сола, сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Ваҳдат буда, гирифтори бемории рӯҳӣ будааст”.

Тибқи гузориши Кумита, ҷавонзан тақрибан моҳе пеш, аниқтараш рӯзи 26-уми феврал аз хона баромада, дигар барнагаштааст.

“Ҷасади ин бонуро сокинон дар ҳудуди деҳаи Ҷангалобод-2, ҷамоати Гулистон дидаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд” ,- мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, ҷасад баъди дарёфт ба пайвандонаш супорида шуд.

Барчаспҳо:
ҷавонзан, пайдо кардани ҷасад, Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ