14:13 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 29-сола хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Маъмурини милиса сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Кирови шаҳри Ваҳдатро ҳамчун гумонбаршаванда дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир кардаанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои ВУД, номбурда моҳи октябри соли 2019, ба боварии намояндаи ҶДММ “Ширкати Кимиёвӣ”-и шаҳри Ҳисор, марди 40-сола, сокини шаҳри Душанбе даромада, наздики 200 тон нуриҳои минералӣ гирифтааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, гумонбар дар қаллобӣ нуриҳои минералиро тариқи ғайринақдӣ гирифта, пулро баъди фурӯш барнагардондаст.

"Гумонбаршаванда бо мақсади ба фурӯш аз намояндаи “Ширкати кимиёвӣ” 100 тона нуриҳои менералии навъи “Афу” ва 97 тонаю 500 килограмм нуриҳои навъи “Карбомид”, гирифта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст", - омадааст дар иттилоия.

"Латукӯб барои 208 сомонӣ аз сӯи ҳамкор": наздикони Шомиров дар бораи марги ӯ - акс

ВУД арзиши нуриҳои минералии гирифташударо дар маҷмуъ 736 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст. Ин ниҳод афзуд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.

Барчаспҳо:
парванда, фиреб, қаллобӣ, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ