09:08 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
694 0 0

Дар яке аз ҳуҷраҳои табобатхона, ки яхдон ва компютер дар барқ будааст, расиши кӯтоҳ ба амал омадааст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Маркази тиббӣ дар Андиҷон, ки таҳти қарантина аст, сӯхтор ба амал омад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад, ки дар яке аз ҳуҷраҳои табобатхона, ки яхдон ва компютер дар барқ будааст, расиши кӯтоҳ ба амал омадааст. Дар паи расииши кӯтоҳ сӯхтор сар зада дар муддати кӯтоҳ хомӯш карда шудааст.

Кормандони беморхона ва беморон даррав ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда ва касе аз сӯхтор осеб надидааст.

Феълан дар ин самт тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки Андиҷон низ пас аз Тошканду Намангон баста шуда ба қарантина фаро гирифта шуд.

Ба ҳудуди Андиҷон танҳо кормандони ҳокимияти давлатӣ, пизишкон, намояндагони дахлдор ва сокинони маҳаллӣ, (бо ҷои иқомати доимӣ) метавонанд ворид шаванд.

Аввалин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон рӯзи 15 марти соли равон аз шаҳрванди ин кишвар, ки аз Фаронса баргашта буд, ошкор шуда буд. То имрӯз шумори гирифторон ба ин вирус ба 83 нафар расидааст.

Беш аз 28 ҳазор нафар зери қарантина қарор гирифтаанд. Аз ҷумла 9,1 ҳазор нафар дар бемористонҳо ва марказҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд ва 18 ҳазор нафари дигар худҷудоӣ карда шудаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Барчаспҳо:
сӯхтор, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ