Қатли меҳмон аз сӯи мизбон: ҳамқадаҳ будаанд

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Анвар Абдуааҳадови 50 сола, сокини шаҳри Истиқлол вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар куштори шиносаш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шарипов, ҳодисаи куштор санаи 9 март дар хонаи Анвар Абдуааҳадов сар задааст.

Нож в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор: сокини Исфара марди 37-соларо дар ҳавлияш корд зад

Тибқи иттилои манбаъ, Анвар Абдуаҳадов бо Воскребенсов Генади Юревич сокини дигари шаҳри Истиқлол робитаи дӯстӣ доштаанд: “аниқтараш  майли майнӯшӣ онҳоро ба ҳам овардааст”.
“Санаи 7 март зимни бо ҳам будан, мастии аз меъёр зиёд миёни онҳо муноқишаро ба вуҷуд меорад ки оқибат ба марги Генади Юревич анҷомид”, мегӯяд Акбар Шарипов.

Манбаъ мегӯяд, Генади Юревич дар пайи  муноқиша бар асари осеби қафаси сина, шикастани қабурғаҳо,  хунравии дарунӣ ва аз истифодаи олоти  халандаю бурранда ба ҳалокат  расидааст.

 Худи гумонбаршуда дар навори видеоӣ мегӯяд, аз баски маст буд танҳо муноқиша карданро медонаду дигарашро дар хотир надоштааст.

Гуфта мешавад,  нисбати боздоштшуда аз рӯи моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардидааст.

Ин нахустин ҳолати куштори ҳамқадаҳ набуда, қаблан Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи куштор дар шаҳри Исфара хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ анҷом дода шудааст.

Куштор дар қаҳвахонаи "Сабрина": сокини пойтахт марди 57 соларо то мурдан кӯфт

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи сокини кӯчаи Навободи шаҳри Исфара, дар ҳавлии истиқоматии марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр, машрубот истеъмол намуда, бо ӯ муноқиша карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0