02:29 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
328802

Дар шаҳри Ваҳдат бархӯрди як мошин ба дӯконҳои сари роҳ ду кушта ва як захмӣ ба ҷой гузоштааст. Навори ин ҳодиса дар интернет сайр мекунад

 ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар навор дида мешавад, ки як мошини "Лексус" аввал қафонокӣ ба як дӯкон бархӯрда, дубора ба пеш ҳаракат мекунад ва як мошини дигарро зада, ба дӯкони дигар бархӯрда, таваққуф мекунад.

Дида мешавад, ки ӯ ба одамон бармехӯрад ва ҳатто як нафарро бо пеши мошин тела карда, ба девор бармехӯрад.

Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин навори видеоӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса субҳи дирӯз, 30 март дар бозори "Автостансия" – и шаҳри Ваҳдат, канори роҳи "Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ" иттифоқ афтодааст.

Вай афзуд: “Ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-РХ-350" Боймаҳмад Одинаеви 71 - сола, сокини деҳаи Гулободи шаҳри Ваҳдат буда, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи "Душанбе – Кӯлоб - Хоруғ", дар рӯ ба рӯи бозори “Автостансия”-и шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини "Мерседес-Бенс"–и Довудшоҳ Раҳимзодаи 25-сола, сокини шаҳри Ҳисор, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст", - гуфт сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Садамаи маргбор дар Данғара ва Нуробод 2 кушта ва 8 захмӣ барҷой гузош

Бино ба иттилои ВКД, баъдан мӯйсафеди 71 - сола воситаи нақлиётро ба қафо ронда, пиёдагардон Диловар Ғафурови 29 - сола, Файзимо Холмуродоваи 37- сола ва Хиробон Комиловаи 47 – сола, сокинони ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдаро пахш намудааст.

"Пиёдагардон Холмуродова ва Комилова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва дар роҳ ба шифохона ба ҳалокат расидаанд. Ғафуров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст", - афзуд ӯ.

Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, Ваҳдат

Мавзӯъҳои асосӣ