14:28 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1045 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 46 - сола хабар медиҳад, ки қаблан доғи судӣ дошта, боз суиқасд ба ҷони ҳамсари бародари худ намудааст

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Кормандони милитсия марди 46-сола, сокини деҳаи Гулафшони ноҳияи Ҷ.Расулов, ки пеш бо моддаи 154 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир намуданд. 

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номбурда санаи 28-уми марти соли 2020, тахминан соати 11:00, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ ба ҷони ҳамсари бародараш суиқасд намудаст.

Дар Ҳисор сокини Душанбе ҷавони 20 - солаи маҳаллиро бе ягон асос корд зад

Гуфта мешавад, келини 42 - солаи хонаводаро ба ҳангоми хоб будан бо корди хоҷагӣ 1 - маротиба ба қафаси сина ва якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст.

"Зимнан, пас аз содир намудани ин амал аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ