14:25 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
543 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади духтари 16 - сола хабар медиҳад, ки бо сабабҳои то ҳол норушан дар рӯди Вахш ғарқ шудааст

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сокини 16 - солаи Кӯлоб, дар рӯди Вахш ғарқ шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон. Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, ҳодисаи нохуш рӯзи 29 - юми март, тақрибан соати 10 рух додаст. 

Ба навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии як духтари ноболиғ дар қисмати обанбори Сангтӯда-2 дарёи Вахш хабар расид.

"Пас аз дарёфти хабари мазкур, Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва Дастаи зудамали наҷоти Шуъбаи Кумита дар минтақаи Кулоби вилоят ба ҷои ҳодиса сафарбар гардидаанд". - омадааст дар хабар.

КҲФ: дар ду рӯз ҳафт нафар аз ғарқшавӣ дар рӯди Сир наҷот ёфтанд

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ғаввосӣ ва давр задани атрофи минтақа тақрибан соатҳои 13:20 дақиқа ҷасади номбурдаро дар чуқурии 15-20 метр пайдо ва ба мақомоти дахлдор ва хешу наздиконаш супорида шуд.

Маълум гардид, ки марҳум сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Данғара буда, ҳамагӣ 16 сол доштааст. Бино ба иттилои пешакӣ номбурда дар наздикии обанбори Сангтӯда-2 дарёи Вахш ба сабабҳои номаълум ба об афтодаву ғарқ шудааст.

Сабаби ин ҳодиса дақиқан маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аниқ кардани сабаби ғарқи об шудани духтари ноболиғ тафтиш оғоз кардаанд.

Барчаспҳо:
ноболиғ, ғарқ, дарё

Мавзӯъҳои асосӣ