01:23 01 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
240 0 0

Додгоҳи шаҳри Душанбе Насимҷон Раҳмоновро дар қатли маъшуқаи ҳамсараш, Маҳтовзода Низомиддин, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  гунаҳгор дониста, ба мӯҳлати 8 сол равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, 11 июли соли 2019 Насимҷон Раҳмонов муносибати наздик ва маҳрамона доштани ҳамсараш Муҳайё Ҷумаева бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Маҳтовзода Низомиддин хабардор шуда, бо ӯ муноқишаи оливаӣ намудааст.

“Ҳамсараш Ҷумаева М.В. баъди муноқишаи оилавӣ аз манзили истиқоматиашон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Ҳосилот қаҳр карда баромада, ба назди Маҳтовзода Н., ки солҳои охир ҳамчун соҳибкор дар ҶДММ "Бозори Корвон" фаъолият мекард, ба манзили истиқоматии охирон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, бинои 91/1 меравад”,-афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, Насимҷон Раҳмонов тахминан соати 16 бо сабаби рашк ва бадбинӣ, барои халос шудан аз рақиби худ ба назди манзили истиқоматии маъшуқи ҳамсараш рафта, оҳани рахпеч (арматур)-ро омода намуда, дар даромадгоҳи бино мунтазири фаромадани Маҳтовзода ва ҳамсараш мешавад.

“Сипас, ҳамсараш Ҷумаева М.В. вориди даромадгоҳи бино гардида, ӯ бо ҳамсараш муноқиша мекунад, ки дар ин вақт Маҳтовзода Н. ба пешвозгирӣ баромада, Раҳмонов Н.Ҳ. бошад, ба воситаи оҳани мазкур Маҳтовзода Н. ва ҳамсараш Ҷумаева М.В.-ро мавриди лату куб қарор медиҳад, ки дар натиҷа Маҳтовзода Н. ба ҳалокат мерасад”,-мегӯяд манбаъ..

  Гуфта мешавад нисбат ба Насимҷон Раҳмонов бо дастрасӣ ба  моддаҳои 104 қисми 1 (одамкушӣ) ва 111 қисми 1 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) парванда оғоз шудааст.

Барчаспҳо:
ҳукм, додгоҳ, куштор, Рӯдакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ