03:46 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1298 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани ҷавонзани 22-сола хабар дод, ки дар даллагӣ айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ба иттилои ВУД, дастгиршуда сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар он гумонбар мешавад, ки шомгоҳон дар шаҳри Душанбе даллагӣ кардааст.

Манбаъ таъкид кард, ки дастгиршуда шоми 1 апрел дар назди маркази савдои “Баракат” ҷавонзани 19-соларо бо марди 35-сола шинос кардааст.

“Номбурда, санаи 1-уми апрели соли 2020, тахминан соати 21:30 дақиқа, дар назди маркази савдои “Баракат”-и пойтахт марди 35-сола ва ҷавонзани 19-сола, сокинони шаҳри Душанберо барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳамдигар шинос кардааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки муттаҳам ба ивази шиноскунӣ барои алоқаи ҷинсӣ 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Ин ниҳод афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Назари худи айбдоршаванда дар ин қазия маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ВУД аз ташкили фоҳишахона дар деҳоте дар Суғд  хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, кормандони милитсия зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. ВУД дастгиршуда манзилашро барои муносибатҳои маҳрамона иҷора дода, то 200 сомонӣ пул мегирифтааст.

Барчаспҳо:
ташкили фоҳишахона, фоҳишахона, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ