06:26 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
240101

Сарояндаи панҷоҳсола солиёни зиёд дар Амрико иқомат дошта, миёни сокинони Самарқанд бо таронаҳои тоҷикӣ ва ӯзбекияш хеле машҳур будааст

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Рӯзи гузашта  дар Ню-Йорк як зодаи Самарқанд аз коронавирус фавтид, ки ҳунарманди  машҳур миёни самарқандиён бо номи Рустам Ҳоҷимуҳамадов будааст, менависад рӯзноманигор Карим Баҳриев дар саҳифаи Facebook-и худ.

Ба навиштаи рӯзноманигор:"ҳунарманди 51-сола чанд сол дар ИМА зиндагӣ мекард ва дар байни сокинони Самарқанд хеле машҳур буд".

Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ хабар дода буд, ки 6 апрели соли ҷорӣ шаҳрванди Ӯзбекистон Р.Х., соли таваллудаш 1969, дар беморхонаи маҳаллӣ дар натиҷаи сироятёбӣ ба коронавирус вафот кардааст.

Ба навиштаи Sputnik Ӯзбекистон, 22 март дар ӯ аввалин нишонаҳои ин беморӣ пайдо шуда, бинобар бад шудани вазъи саломатияш 2 апрел дар беморхона бистарӣ шуда, бо дастгоҳи сунъӣ нафас мекашид ва дар ҳолати кома қарор дошт.

Гуфта мешавад, айни замон Консули генералӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои диаспора масъалаи ташкилии маросими дафни ӯро ҳаллу фасл мекунад.

Қаблан дар Амрико ду шаҳрванди Ӯзбекистон,  аз ҷумла як тоҷики солхӯрда дар пайи сироятёбӣ ба коронавирус даргузаштааст.

Тавре рӯзноманигори тоҷик, Аҳлиддин Салимов дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад, марҳум солхӯрда ва зодаи Самарқанди Ӯзбекистон будааст. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир шумори шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷ сироят ёфтаанд ба 23 нафар расида, 3 нафарашон фавтидаанд.

 

 

Барчаспҳо:
фавт, Ню-Йорк, ИМА, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ